Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Эй навҷавон, ки дил ба каманди ту бастаам

Эй навҷавон, ки дил ба каманди ту бастаам, Раҳме намо, ки пиру заифу шикастаам. Чил сол дар муҷоҳада умрам чу сарф шуд, Пиндоштам, зи меҳри бутон бозрастаам. Барбод дода ҳосили чилсола ин замон, Бо доғи ту ба гӯшаи меҳнат нишастаам. Бо он ки аз қудуми ту дар тангнои ҳаҷр Бар рӯи хештан дари уммед бастаам, Овози пою бонги даро чун шунидаам, Бе хештан ба рӯи ту аз ҷой ҷастаам. Гашта ҳилоле аз сари ҳар нохунам падид, Аз шавқи абрувони ту чун сина хастаам. Гуфтӣ, ки чист ҳоли ту, Ҷомӣ, ба кунҷи ғам? Пайванд бо ту кардаву аз худ гусастаам.