Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Наат Салмо валекин лоҳа барқун мин мағониҳо

Наат Салмо валекин лоҳа барқун мин мағониҳо, Бале, манзигаҳи мақсудро бошад нишониҳо. Насими кӯи ӯ бахшад дили уммедворонро Умеди комгориҳо, навиди шодкомиҳо. Куҷо шуд он зи рӯи ӯ шабамро рӯшноиҳо, Куҷо рафт он зи лаъли ӯ лабамро комрониҳо? Ҷавонӣ дар сару кори ҷавонон шуд, намедонам, Куҷоянд он ҷавонон, ё куҷо рафт он ҷавониҳо. Хизир аз туст зинда, Исӣ аз ту зиндасозанда, Туӣ, оре, ба лабҳо чашмасори зиндагониҳо. На аз захми ту миранд оҳувон дар сайдгаҳ, лекин, Кунанд аз завқ бар тиру камонат ҷонфишониҳо. Забон молӣ ба лаб ҳар дам, к-аш аз лаб мекунам ширин, Кунӣ комам зи ҳасрат талх аз ин ширин забониҳо. Бувад кӯҳи ғамат бар дил гарону дил гарон бар тан, Зи кӯят рафтам инак в-аз дарат бурдам гарониҳо. Рамузи ишқро, Ҷомӣ, даруни сода мебояд, Ба оби май бишӯ лавҳи замир аз хурдадониҳо.