Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба афсун гар кушоӣ мӯҳри ин лаъли шакархоро

Ба афсун гар кушоӣ мӯҳри ин лаъли шакархоро, Фуруд орӣ аз ин фирӯзагун манзар Масеҳоро. Биё соқӣ, ки гар иқболи гардунро бақо будӣ, Накардӣ пояи тахти Сикандар тоҷи Дороро. Сафоли дурде андар деҳ, ки баҳри нуқл аз ин маҷлис, Сазад гар осмон резад фурӯ иқди сурайёро. Маҷӯ аз ақл шарҳи дил, ки дурдошоми майхона Ба ҷоми май ҳавола кард ҳалли муамморо. Саводи хатти васфаш мекашӣ, эй хома, сабре кун, Ки то баҳри мидод орам бурун аз дил сувайдоро. Қиёси сели чашми ашкбори мо куҷо донад, Ҷуз он к-аз мушт паймудан тавонад оби дарёро. Зи дасти мо намеояд шумори санги бедодат На мақдур аст з-ангуштон шумурдан реги саҳроро. Маро ту чашми биноиву ёрон ҷумла ағёрам, Аҷаб набвад агар з-ағёр пӯшам чашми биноро. Аҷаб шӯхиву раъно в-аз ҳама кас дӯсттар дорам Ба ёди шӯхиву раъноият шӯхони раъноро. Кушодам нофаи асрору хун андар ҷигар кардам, Ҳасадварзони пинҳонро, ғаразгӯёни пайдоро. Зи акси ашки хеш аз баски резад хуни дил Ҷомӣ, Кунад рангинкитоба ҳар шаб ин айвони миноро.