Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Нишони пои сагонат, ки дар замин бинам

Нишони пои сагонат, ки дар замин бинам, Бар осмони шараф ҳаст иқди Парвинам. Бар он сарам ба раҳат карда пой аз сари хеш, Ки то ба ҷост сари ман, аз пой наншинам. Ҷамоли оразу хатти ту ёд меояд, Ба гирди сафҳаи боғ аз хати раёҳинам. Чу омадӣ ба сарам умри рафта боз омад, Бирафт ҷон, чу хиромон шудӣ зи болинам. Кунад хароши ғамат соз чун бирешими чанг Ҳазор нола зи ҳар тори далқи пашминам. Чӣ гуна лоф занам бо касон зи дини дуруст, Ҳазор рахна зи ишқи ту беш дар динам. Чунин ки чархи дағо мӯҳрадуздшуд, Ҷомӣ, Аз ин бисот ҳамон беҳ, ки мӯҳра барчинам.