Нест ҷуз рух ба кафи пои ту судан ҳавасам
Нест ҷуз рух ба кафи пои ту судан ҳавасам,
Дорам умме, ки мабзул бувад мултамасам.
Ман кӣ бошам, ки кунам ҳамнафасӣ бо чу туе,
Ин қадар бас,ки ба ёди ту барояд нафасам.
Меравам гоҳ ба по, гоҳ ба сар дар раҳи ишқ,
Дил аз ин васваса фориғ, ки расам ё нарасам.
Мондам аз қофилаи каъбаравон боз, вале
Вақт хуш мекунад аз дур садои ҷарасам.
Ҷуз маро давлати раҳбӯсии ин қофила нест,
Ҳеҷ ғам нест, гар аз каъбаравон боз пасам.
Ба туфайли саги кӯят шудаам кас, варна
Аз касӣ дурам аз он ҷост, ки ман ҳеҷкасам.
Чанд пурсӣ, ки дар ин боғча Ҷомӣ, ту кӣ?
Ту гулу сарвиву дар пои ту ман хору хасам.