Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ёри мо азми сафар карду худо ёраш бод

Ёри мо азми сафар карду худо ёраш бод, В-аз хатарҳои сафар ҷумла нигаҳдораш бод! Гар бибандад ба сафар бору агар бикшояд, Дар ҳама давлати тавфиқ мададгораш бод! Қимати сӯҳбати ӯ нақди ду олам карданд, Ҷони покон ба ҳамин нарх харидораш бод! Ҳеҷ завқе ба гирифтории ишқаш нарасад, Ҳар куҷо ҷону диле ҳаст, гирифтораш бод! Гавҳари баҳри сафо нест ҷуз асрори ғамаш, Синаи мо садафи гавҳари асрораш бод. Ҳуснаш он ҷо, ки ниҳад ишвагариро бозор, З-оташи сӯхтагон гармии бозораш бод. Гуфт сад шеъри хушаз ваҳшати ҳиҷрон Ҷомӣ, Мӯниси ваҳшатиён дафтари ашъораш бод.