Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

На дар кӯҳ ин садо аз нолаи Фарҳод мехезад

На дар кӯҳ ин садо аз нолаи Фарҳод мехезад, Зи сангу оҳан аз дарди дилаш фарёд мехезад. Хаёли оразу болои ту то бастаам бо худ, Зи боғи хотирам гул медамад, шамшод мехезад. Ба гулгашти чаман чун менишинӣ бар сари сабза, Ба таъзими қадат сарв аз замин озод мехезад. Зи ту нолам на з-он ғамза, чу хунам бегунаҳ резад, Ҳалоки сайд не аз ханҷар, аз сайёд мехезад. Маҷӯ афсонаи дард аз диле, к-аз ғам нашуд рахна, Нафири чуғд кай аз хонаи обод мехезад?! Чу меояд зи теғат бар асире захми бераҳмӣ, Зи ҷони ҳар асир овози раҳматбод мехезад. Ғазалро аз ғами ишқи бутон деҳ чошнӣ, Ҷомӣ, Суруди дарднок аз синаи ношод мехезад.