Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Зулфи ту моҳро ба сияҳпӯшӣ оварад

Зулфи ту моҳро ба сияҳпӯшӣ оварад, Шаброву рӯзро ба ҳамоғӯшӣ оварад. Лаълат ба хатти сабз чу соқӣ шавад ба базм, Хизру Масеҳро ба қадаҳнӯшӣ оварад. Бехуд шудам зи лаъли ту, оре ҳамин бувад, Хосияти шароб, ки беҳушӣ оварад. Чун дар қабо хиром кунӣ, шавқи хидматат Арбоби хирқаро ба қабопӯшӣ оварад. Аз ёди туст зиндагиям, май намехурам, Мастӣ мабодам аз ту фаромӯшӣ оварад. Ҳар ҷо расӣ чу шоҳ, рақибат ба пеши роҳ Бар ошиқон сиёсати човушӣ оварад. Бар тӯтиёни ҳинд бубандад забони нутқ, Ҷомӣ чу рӯ ба сеҳр суханкӯшӣ оварад.