Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дорои сабр шуд диламу қалби туст сахт
Дорои сабр шуд диламу қалби туст сахт, Ҳастем санги сахт ману ту ба роҳи ишқ.
Ҳар кас ки майи ишқ ба ҷомаш карданд
Ҳар кас ки майи ишқ ба ҷомаш карданд, Аз дурдии дард талхкомаш карданд. Гӯё ҳама ғамҳои ҷаҳон дар як ҷо Ҷамъ омада буд, ишқ номаш карданд.
Ғам дораму ғамгусор мебояду нест
Ғам дораму ғамгусор мебояду нест, Дар дасти ман он нигор мебояду нест. Дарди сара агар намебояду ҳаст, Ташрифи ҳузури ёр мебояду нест.
Эй симзақан, ин чӣ даҳону чӣ лаб аст?
Эй симзақан, ин чӣ даҳону чӣ лаб аст? Ин хол чӣ холу ин чӣ зулфи аҷаб аст? Рӯи ту дар он ду зулфи мушкин чӣ аҷаб? Ҳар рӯз, ки ҳаст, дар миёни ду шаб аст.
Оинаи нур аст рӯҳи ёр имшаб
Оинаи нур аст рӯҳи ёр имшаб, Эй маҳ, бинишин дар паси девор имшаб. Эй меҳр, бипӯш рӯи худро дар абр, Эй субҳ, дами хеш нигаҳ дор имшаб.
Гар касе ошиқи рухсори ту бошад, чӣ кунад?
Гар касе ошиқи рухсори ту бошад, чӣ кунад? Толиби давлати бедори ту бошад, чӣ кунад? Шӯхию бехабар аз дарди гирифтории ишқ, Дардманде, ки гирифтори ту бошад, чӣ
Ман ошиқи девонаву мастам, чӣ тавон кард?
Ман ошиқи девонаву мастам, чӣ тавон кард? Майхораву маъшуқапарастам, чӣ тавон кард? Гар соғари сесӯза кашидам, чӣ тавон гуфт? В-ар тавбаи чилсола шикастам, чӣ т
Чӣ он аст, ки шоҳон зи ту шарманда шаванд
Чӣ он аст, ки шоҳон зи ту шарманда шаванд, Салтанатро бигузоранду туро банда шаванд. Гар ба хоки қадамат саҷда муяссар гардад, Сарфарозони ҷаҳон ҷумла сарафканд
Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд
Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд, Дилбарон бар ошиқон аз ошиқон ошиқтаранд. Ишқ менозад ба ҳусну ҳусн менозад ба ишқ, Оре-оре, ин ду маънӣ ошиқи якдигара
Ғами бутон махӯр, эй дил, ки зор хоҳӣ шуд
Ғами бутон махӯр, эй дил, ки зор хоҳӣ шуд, Агар азизи ҷаҳонӣ, ки хор хоҳӣ шуд. Агар чу ман ҳаваси зулфи ёр хоҳӣ кард, Зи ошиқони сияҳрӯзгор хоҳӣ шуд.
Лаъли ҷонбахшат, ки ёд аз оби ҳайвон медиҳад
Лаъли ҷонбахшат, ки ёд аз оби ҳайвон медиҳад, Зиндаро ҷон меситонад, мурдаро ҷон медиҳад. Дил магар побастаи зулфи ту шуд, к-аз холи ӯ Бод меояд, хабарҳои пареш
Ҳаргиз он шӯх ба мо ғайри нигоҳе накунад
Ҳаргиз он шӯх ба мо ғайри нигоҳе накунад, Он ҳам аз ноз кунад гоҳею гоҳе накунад. Меравам бар сари роҳаш ба умеди назаре, Оҳ, гар бигзарад он шӯху нигоҳе накуна
З-андоза бурун дар дил андӯҳу ғаме дорам
З-андоза бурун дар дил андӯҳу ғаме дорам, Дар сина ба ҳар узве пинҳон аламе дорам. Бас хуни ҷигар ояд аз гиря ба чашмонам, Аз ҳар мижаам ҷорӣ ҷӯе зи ғаме дорам.
Ку даме, к-аз дил маро оҳи парешон барнахост
Ку даме, к-аз дил маро оҳи парешон барнахост, Аз ду чашми хунфишонам мавҷи тӯфон барнахост. Гиряам дасти талаб аз доманам кӯтаҳ накард, Мавҷаи тӯфони ашкам то з
Дастпарварди ҷунунам, сари пайкорам нест
Дастпарварди ҷунунам, сари пайкорам нест, Заҳрошоми фироқам ба ватан корам нест. Шарбати васл куҷоӣ, ки аз ин беш маро, Тоқати ташналабӣ бо дили беморам нест.
Бас ишқи бутон хоки ҷунун бар сари мо рех
Бас ишқи бутон хоки ҷунун бар сари мо рехт, Дил қатраи хун гашту зи ҷисму тани мо рехт. Лабташна басе бодия гаштем, валекин Бар оташи дил оби ду чашми тари мо р
Меравам, имшаб туро бедор хоҳам карду рафт
Меравам, имшаб туро бедор хоҳам карду рафт, Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт. Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор, Водии ҳиҷрон гулу гулзор х
Ноз - оташ, ғамза - оташ, рӯи зебо оташ аст
Ноз - оташ, ғамза - оташ, рӯи зебо оташ аст, Булҳавас биншин, ки он бадхӯ саропо оташ аст. Хоҳ дар оташ бирав, парвона, хоҳӣ рав дар об, Аз саро мар ошиқонро то
Боз мурғи дил гули ошуфтагӣ бӯ кардааст
Боз мурғи дил гули ошуфтагӣ бӯ кардааст, Мардуми чашмам зи гиря кор якрӯ кардааст. Дар муҳаббат шарбати роҳат маро бар лаб чӣ суд? Ошиқ он кас шуд, ки бо заҳри
То бӯса диҳам в-онгаҳ молам ба ду чашми худ
То бӯса диҳам в-онгаҳ молам ба ду чашми худ, Ман номи ту бинвиштам як пай ба сари нохун.
Дил чу рафт аз даст, гӯ: «Дилбар, биё!»
Дил чу рафт аз даст, гӯ: «Дилбар, биё!» Гӯ: «Аниси ҷони ғампарвар, биё!» Бе ту бар чашмам ҷаҳон торик шуд, То бубинам, эй баландахтар, биё!
Доми дилҳост зулфи дилбари мо
Доми дилҳост зулфи дилбари мо, Хонамаш «дома зиллуҳу абадо». Сайд аз он доми зулф чун биҷаҳад, З-он ки домест печ-печу дуто.
Чӣ раҳо кунӣ ба шӯхӣ сари зулфи дилраборо
Чӣ раҳо кунӣ ба шӯхӣ сари зулфи дилраборо, Ки аз ӯ баҳам барорӣ ҳамавқт ҳалқаҳоро?! Ба дусад адаб бар он дар чу хатост баргузаштан, Ҳаракоти номуносиб зи чӣ рӯ
Чашми ту аз ҳад мебарад бо ошиқон бедодро
Чашми ту аз ҳад мебарад бо ошиқон бедодро, Аз нолаи мурғон чӣ ғам он дилсиёҳ сайёдро?! Мардум ба даври рӯйи ту дар гиряанд аз оҳи ман, Шарт аст борон рехтан дар
Чашмат аз гӯшаи тақво бадар овард маро
Чашмат аз гӯшаи тақво бадар овард маро, Масту ғалтон сӯйи аҳли назар овард маро. Хирқаи азрақи ман боз ба май гулгун шуд, Ишқ ҳар дам ба дигар ранг даровард мар