Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳеҷ шаб тири ғамат бар дили шайдо нарасад

Ҳеҷ шаб тири ғамат бар дили шайдо нарасад, Ки фиғонам ба маҳ, оҳам ба Сурайё нарасад. Он, ки васли ту з-имрӯз ба фардо андохт, Дорам уммед, к-аз имрӯз ба фардо нарасад. Санг бар синазанон мераваду нолакнон Сел аз он бим, ки ногоҳ ба дарё нарасад. Аз дами пир талаб чошнии ишқ, ки баҳр Рашҳи ӯ бе мадади абр ба саҳро нарасад. Меҳнати бодия каш, гар ҳаваси Каъба кунӣ, Кас бад-ин айши муҳанно ба таманно нарасад. Ҳиммати хеш қави дор, ки мурғи дили ту Ҷуз бад-ин бол ба сарманзили анқо нарасад. Нафхи рӯҳулқудус аз ҳар мутанаққис маталаб, Нузли ин файз ҷуз аз хони Масеҳо нарасад. Ҳар чӣ дар вақт расад, бош ба он хуш, Ҷомӣ, К-он чӣ дар пардаи ғайб аст, расад ё нарасад.