Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

З-офтоб ба рашкам, ки зери пои ту афтад

З-офтоб ба рашкам, ки зери пои ту афтад, Зи соя низ, ки чун зулф дар қафои ту афтад. Ба ҳар бало, ки расад аз ту, ғайри шукр нагӯям, Маро атост балое, ки аз барои ту афтад! Ба чатри шоҳ куҷо сар дароварам, ки ба фарқам Бас аст сояи лутфе, ки аз гадои ту афтад! Зи хок сарв бирӯяд, зи сарв дил, чу санавбар, Чу соя дар раҳе аз қадди дилрабои ту афтад. Агар биҳишт, бувад хотирам, қарор нагирад. Ба хонае, ки на ҳамсояи сарои ту афтад. Зи сина карда сипар, чашминтизор ба раҳам, Бувад, ки бар сипарам новаки ҷафои ту афтад. Бувад зи нахли сухан меварез хомаи Ҷомӣ, Умедвории онро, ки он хурои ту афтад.