Кай бувад, кай, ки зи хони ту салое бирасад
Кай бувад, кай, ки зи хони ту салое бирасад,
В-аз наволи ту навое ба годое бирасад!
Марази шавқи ту шуд саъбу аз он ҷо набарам,
Гарна аз ваъдаи васли ту шифое бирасад.
Кӯҳи ғам шуд диламу номи ту гӯям бо ӯ,
Бу, ки дар гӯшам аз ин ном садое бирасад.
Дил куҷо мазҳари анвори ҷамоли ту шавад,
Гарна ин оинаро аз ту ҷилое бирасад.
Бар ту аз афсари шоҳист кулаҳ, гӯшаи фарқ,
Ҳошалиллаҳ, ки ба ҳар бесару пое бирасад.
Рафта аз пеш бурун, дар паи Лайлӣ Маҷнун,
Бошад аз маҳмили ӯ бонги дарое бирасад.
Меравад Ҷомии дилхаста, вале то набаранд,
Нест имкон, ки дар ин роҳ ба ҷое бирасад.