Куҷо шуд он, ки шаб маҳ ба хонаи ман буд?!
Куҷо шуд он, ки шаб маҳ ба хонаи ман буд?!
Ниҳода гӯшаи ризо бар фасонаи ман буд?!
Зи баски бар рухи ӯ мезадам таронаи шавқ
Самоъи маҷлисиён бар таронаи ман буд.
Кабӯтари ҳарами базми ишраташ будам,
Дар он ҳарам маю нуқл обу донаи ман буд.
Ҳамезад оташи ӯ аз дилам забонаву шамъ
Забон кашида ба шарҳи забонаи ман буд.
Нишона сохт диламро ба пеши ғамзаи хеш,
Чӣ тирҳо, ки аз ӯ бар нишонаи ман буд!
Ишорате, ки ба асрори ноз буду ниёз,
Ҳамин миёнаи ӯву миёнаи ман буд.
Ривоҷи гуфтаи Ҷомӣ, ки мегузашт он ҷо,
Зи гармии нафаси ошиқонаи ман буд.