Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бар тарфи боғ аҷаб дилкаш аст сояи бед

Бар тарфи боғ аҷаб дилкаш аст сояи бед, Ки ламъа-ламъа дурахшад аз он миён хуршед. Занад чашмакат он ламъаҳо зи ҷунбиши бод, Ки хез дидаи ибрат кушо ба лолаву хед. Ба лола бин, ки чӣ сон доғ бар ҷигар дорад, Ки нест соғари ишрат ба дасти ӯ ҷовид. Ба хед бин, ки фиканда палоси мотами хеш, Ки хоҳадаш ба хазон тай шудан бисоти умед. Зи тоҷи наргису тахти гулам ба ёд омад Заволи афсари Парвезу маснади Ҷамшед. Навои мурғи ҳазондида чист мавсими гул, Диҳад ба васл пас аз меҳнати фироқ навид. Кунед ёд зи ҷовид фурқате, ки марост, Худойро, чун навои навиди ӯ шунавед. Хуш аст сурату шаънӣ ба вақфи якдигар, Чу номаи ту сияҳ шуд, чӣ суд, ҷома сафед. Сарири килки ту Ҷомӣ, агар ба чарх расад, Зи рашк мизмари худ бар замин занад Ноҳид.