Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Шунидаам, ки ба гул булбули саҳархон гуфт

Шунидаам, ки ба гул булбули саҳархон гуфт, Ки шукри неъмати субҳи висол натвон гуфт. Даруни ғунча чаро хуну ҷайби гул чок аст, Агарна мурғи чаман достони ҳиҷрон гуфт?! Самоъи лаҳни муғаннӣ хуш асту ин нукта Зи шохи сарви саҳӣ қумрии хушилҳон гуфт. Чу завқи бодаи ваҳдат наёфт ҷони ҳаким, Аз он чӣ суд, ки бар нафйи ширк бурҳон гуфт?! Диле, ки ёфт ба шабзиндагӣ зи ҷоми сабӯҳ, Нишон зи Хизру сиёҳиву оби ҳайвон гуфт. Замона нағмаи ушшоқу ашкрезишон Чу дид, қиссаи Нӯҳу ҳадиси тӯфон гуфт. Ѓизои хеш кун аз тарки луқма, к-ин маънӣ Бувад хулосаи ҳар ҳикмате, ки Луқмон гуфт. Мабанд лаб зи насиҳат, ки мӯр баҳри худо Ба ҳамсарон хабар аз мақдами Сулаймон гуфт. Бувад шикояти Ҷомӣ зи фаҳми мустамеъон, Хуш он ки нуктаи мармуз бо сухандон гуфт.