Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ё аз забони дӯст шунав достони дӯст

Ё аз забони дӯст шунав достони дӯст, Ё аз забони он, ки шунид аз забони дӯст. Бошад каломи дӯст мубарро зи ҳар луғат, Ҳаст ин луғоти мухталиф аз тарҷумони дӯст. Берун бувад зи ҷумла нишонҳо, к-аз ӯ диҳанд, Ин аст пеши дӯстшиносон нишони дӯст. Беҳ з-остони дӯст сари мо надида ҷой, То сар ба ҷо бувад, сари мо в-остони дӯст! Дастони шавқи ӯ зада мурғони шавқи ишқ, Ҳар ҷо шукуфта ғунчае аз бӯстони дӯст. Аз мо гумони ҳусни вафо буд дӯстро, Шукри худо, ки рост шуд охир гумони дӯст! Ҷомӣ, маҷӯй кашфи ҳақиқат зи шайхи шаҳр, Бегона нест маҳрами сирри ниҳони дӯст.