Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Диламро бо кас ороме намондаст

Диламро бо кас ороме намондаст, Ба ҷуз нокомиям коме намондаст. Ба роҳи ком пои ҳимматамро Маҷоли рафтани гоме намондаст. Агар ман бесаранҷомам, аҷаб нест, Ҷаҳонро ҳам саранҷоме намондаст! Ба шохи одамият меваи унс, Чӣ ҷои пухта, чун хоме намондаст! Маҳи нав мекунад бар чарх ишорат, К-аз ин хумхона ҷуз ҷоме намондаст! Зи бода холӣ аст он ҷом, яъне Ҳарифи бодаошоме намондаст! Мабар дар силки ҳастӣ номи Ҷомӣ, К-аз ин мискин ба ҷуз номе намондаст.