Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Он чӣ дар ишқи туам дам ба дам аст

Он чӣ дар ишқи туам дам ба дам аст, Ранҷ бар ранҷу алам бар алам аст. Шод бод аз ту дили пурҳавасон, Гар ман аз ғусса бимирам, чӣ ғам аст! Нест бар ман ситам аз теғи ту захм, Мезанӣ бар дигарон, он ситам аст. Гар кунӣ майл ба динору дирам, Онам аз давлати ишқат чӣ кам аст?! Дилам аз доғи ғамат пурдинор, Ҷайбам аз сими мижа пурдирам аст. Дар ҳарими ту дили сахти бутон Зери по беш зи реги ҳарам аст. Сар напечад зи сагонат Ҷомӣ, Хидмати аҳли вафо муғтанам аст.