Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бисоти сабза фиканданд кӯҳу саҳроро

Бисоти сабза фиканданд кӯҳу саҳроро, Зи лолаорази вай ҷом тоза шуд маро. Куҷост сояи гулрух, ки ранги лола диҳад, Ба базми гул зи маи лаъл ҷоми миноро! Аз он мае, ки фурӯғаш агар расад ба Суҳайл, Ақиқи ноб кунад субҳаи Сурайёро! Ба тарафи боғ, неҳ имрӯз базми айш, ки ҳаст Таронаҳои аҷаб булбулони шайдоро! Маи мураввақу фасли баҳору савти ҳазор, Куҷо ба тавба шавад майл табъи доноро?! Димоғи ақл зи фикри замона савдоист, Пиёлае ду-се дардеҳ илоҷи савдоро! Ба бода вақти худ имрӯз сарф кун , Ҷомӣ, Гузор бо карами дӯст кори фардоро!