Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Маҷлиси пири муғон асту пур аз бода сабӯҳо

Маҷлиси пири муғон асту пур аз бода сабӯҳо, Таййабаллоҳу биҳо вақта киромин шарибуҳо . Ҳар тараф бода ба даст дурдкашонанд нишаста, Аҳсанунноси нуфусан ва қулубан ва вуҷуҳо . Ишқ барҳрест аҷаб жарф, ки аз мавҷи паёпай Карда ҷӯҳои шигарф аст равон аз ҳама сӯҳо. Биҷаҳ аз ҷӯю дар ин баҳр фикан киштии худро, Ки дар ин баҳр шавад муттаҳид охир ҳама ҷӯҳо. Мо аҷаб ташнаҷигар, ратл гарон, бода фаровон, З-он ба тангем, танг аст даҳонҳову гулӯҳо. Ошиқон рӯй кай оранд ба хубони накӯрӯ, Гар набинад аён рӯи туро дар ҳама рӯҳо?! Мо гадоёни дари майкадаҳоем чу Ҷомӣ, Борҳо карда ба дарюза пур аз бода кадуҳо.