Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Қавме ба ҳавои ҳаҷ дар қатъи биёбонҳо

Қавме ба ҳавои ҳаҷ дар қатъи биёбонҳо, Ҷамъе зи нишоти май дар тарфи гулистонҳо. В-ин тоифаи дигар бо доғи ғамат фориғ Ҳам аз тараби инҳо, ҳам аз талаби онҳо. То дил зи ту шуд баста в-аз ғайри ту бигсаста, Хӯрдем басе хунҳо, кандем басе ҷонҳо. То домани васлатро орем ба каф рӯзе, Моему сари фикрат шабҳо ба гиребонҳо. Бошад паи ҳар дарде андешаи дармоне, Бурд аз дили мо дардад андешаи дармонҳо. Чандон ба дилам тиратҷо кард, ки бар сина Чун санг занам, овоз зи пайконҳо. Дар роҳи ту ҳар паймон саддест ҷудо, Паймонаи май бастан, бишкан ҳама паймонҳо Ҷомӣ