Рафиқон, хоки наҷд аст ин, нигаҳ доре маҳмилҳо
Рафиқон, хоки наҷд аст ин, нигаҳ доред маҳмилҳо,
Ки орад шавқи ёрон гиря бар осори манзилҳо.
Ба ҳар манзил бутони дилгусил будӣ, амедонам,
Аз ин фархунда манзилҳо чаро бастанд маҳмиҳо?!
Зи ашки ошиқон будст пургул роҳашон, инак
Нишони дасту пойи ноқаҳошон монда дар гилҳо.
Ба ҳар ҷое, ки бинмояд ишое аз кафи пое,
Фурӯ резед ашк аз дидаҳо, хуноба аз дилҳо!
Чарад гӯру гавазн, имрӯз ҳар ҷо соз кардандӣ
Миёни сабзаву гул оҳувони шӯх маҳфилҳо.
Хуш он, к-аз гиря будӣ гирди ман дарёву
бар ҳолам
Задандӣ қаҳаҳа он нозанин кабкон зи соҳилҳо.
Чаро шуд кӯфу каргас кабку тиҳуро халаф, ё раб,
Зи тасрифи қазо дорам басе з-ин гуна мушкилҳо.
Навис аз ман ба эшон номае аз сидқи дил, Ҷомӣ,
Ва замминҳо сафоа-л-вудди фахтимҳо ва арсилҳо.