Доми дилҳост зулфи дилбари мо
Доми дилҳост зулфи дилбари мо,
Хонамаш «дома зиллуҳу абадо».
Сайд аз он доми зулф чун биҷаҳад,
З-он ки домест печ-печу дуто.
То ҷудо сохтӣ зи банд ду зулф,
Дили ман сохтӣ зи банд ҷудо.
Гаҳ кашам нозу гаҳ кашам зулфат,
Бингар, к-аз ту мекашем чӣҳо.
Рехт хунҳои тоза дар кӯят,
То буриданд сар ду зулфи туро.
Гӯяд он зулф «ло», чу хоҳам васл,
Чанд гӯяд сиёҳрӯ «ло-ло»?
Хоки роҳи ту шуд Камолу ту зулф
Ҳам накардӣ ба хоки роҳ раҳо.