Дар чаман мерафт зикри қомати дилдори мо
Дар чаман мерафт зикри қомати дилдори мо,
Сарв доман барзаду омад ба бустон ростпо.
То чаро пероҳан аввал он тани нозук бисуд,
Мекунад аз ғайрати он дар бараш гармӣ қабо.
Мо накӯ донем шукри неъмату ҳаққи намак,
Зери он лаб аз ту як душному аз мо сад дуо.
Гуфтаӣ, дастат бурам, гар марҳабо хоҳӣ зи ман,
Гар бад-он соид кашӣ теғам, ҳазораш марҳабо!
Дил ба ангушти тахайюл баски зулфат мекашад,
Оқибат хоҳад даридан бар сари ӯ торҳо.
Ваъдаи нозем кардӣ, ин ҳама таъхир чист?
Он нахондӣ: дар бало беҳтар, ки дар бими бало?
Чанд гӯӣ шуд ба дарё сели мижгонат, Камол?
Эй маломатгӯ, раҳо кун як даме моро ба мо!