Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Дил бурдиву дин, равост инҳо

Дил бурдиву дин, равост инҳо, Эй ҷону ҷаҳон, чӣҳост инҳо? Бандам зи ғамат ҷудо шуд аз банд, Аз ҷавру ситам ҷудост инҳо. Гуфтӣ: «Диҳамат ҳазор душном». Душном магӯ, дуост инҳо! Хоки раҳу гарди пояш гирд ор, Эй дида, ки тӯтиёст инҳо. Бар рӯйи ту холҳои мушкин — Бар дил ҳама доғҳост инҳо. Чашми хушу холи хуш, хати хуш, Аз ҷумла бутон кирост инҳо? Дил шуд зи Камол ғоибу ақл, Гар нест ба ту, куҷост инҳо?