Дил чу рафт аз даст, гӯ: «Дилбар, биё!»
Дил чу рафт аз даст, гӯ: «Дилбар, биё!»
Гӯ: «Аниси ҷони ғампарвар, биё!»
Бе ту бар чашмам ҷаҳон торик шуд,
То бубинам, эй баландахтар, биё!
Мо чу аз ёди рухат дар ҷаннатем,
Сӯйи мо, эй чашмаи Кавсар, биё!
Борҳо меомадӣ чун маҳ зи бом,
Кӯрии ҳосид! Шабе аз дар биё!
Дасти хушк, эй дилбари ҷонон, марав!
Ҳечат ар набвад, ба чашми тар биё!
Гар зи роҳи масканат дар кӯйи дӯст
Дарнагунҷӣ, аз роҳи дигар биё!
Бо Камол он симбар бингар, чӣ гуфт:
«Зар надорӣ, сӯйи мо камтар биё!»