Нагӯямат, ки чунин кун ва ё чунонам кун
Нагӯямат, ки чунин кун ва ё чунонам кун,
Бубин ба рангаму ҳар ч-он писандӣ, онам кун.
Дар ин диёр агарчи ғарибу гумномам,
Ту ёри ман шаву машҳур дар ҷаҳон ам кун.
Сиёҳбахтаму инро тамом медонанд,
Биё, ба мӯъҷизаи васл комронам кун.
Ба роҳи ишқ зи ман ҷуз вафо нахоҳӣ дид,
В-ар аз ҷафо накунӣ бовар, имтиҳонам кун.
Ҷудо зи рӯйи ту ғамгину тангдил то кай?
Ба базми васл бидеҳ бору шодмонам кун.
В-агар тасаввури пирӣ ба ман барӣ, саҳл аст,
Маро бағал кашу бӯсе деҳу ҷавонам кун.