Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Ранҷбарҳоям, ҷуз шӯро ба мо даркор нест

Ранҷбарҳоем, ҷуз шӯро ба мо даркор нест, Аз барои мо амиру кадхудо даркор нест. Бо усули дастаҷамъӣ кори худро мекунем, Дасти зулми пиру шайху подшоҳ даркор нест. Бар муроди хеш бо бозуи худ мо мерасем, Аз барои халқи заҳматкаш дуо даркор нест. Бесаводӣ зери бори хон туро хар мекунад, Эй деҳотӣ, рав ба мактаб, Карбало даркор нест. Киштии фатҳам ба соҳил мерасад бо инқилоб, Нохудои хеш дорам ман, худо даркор нест.