Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Таронаи инқилоб

Шуд мусаллаҳ ситам бар зидди мо, Сарбозони озодӣ, ассалом! Эй инқилобчиён, ба пеш! Зери байрақи сурхи хеш, Эй сарбозони фидоии фаълаву деҳқонон! Такрор... Подшоҳо, гӯ, моро натарсонанд, Байрақи сурх замин меларзонад. Ин чӯби дору тиру тӯп Моро намекунад мағлуб, Ҳой сарбозони муҳофизи фаълаву деҳқонон! Мурданд аз мо басе зери занҷир, Аммо таслим нагаштанд ҳамчу шер. Марг аз барои мо хуш аст, Номард аст он ки нохуш аст, Эй сарбозони мудофеи коргарҳову деҳқонон! Марг аз зиндагии бонанг беҳтар, Мо мардем, баҳри мо ҷанг беҳтар! Ҷангем мо ба зидди ҷанг, Бо хун замин шӯем аз нанг, Мо, типи сурхи ҷавонони коргарҳову деҳқонон. Мо на қаззоқи фавҷи султонем, Мо фарзандони фаълаву деҳқонем. Синфи худро сало занем, Якҷо сафароӣ кунем. Мо, типи сурхи ҷавонони коргарҳову деҳқонон. Мо камар бар зидди шоҳ бастем, Бар ҷаллодони шаҳ роҳ бастем, Ё ҷони худ фидо кунем, Ё деҳқонро раҳо кунем. Мо, типи сурхи ҷавонони коргарҳову деҳқонон.