Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Чӣ мешуд, торе аз мӯи ту меуфтод дар дастам

Чӣ мешуд, торе аз мӯи ту меуфтод дар дастам, Ки бо он ин дили девонаро занҷир мекардам. Худо нокарда, гар ман мӯътақид будам худоеро, Парастишгоҳи онро қуллаи Помир мекардам. Дар Эрон кош мешуд инқилоби коргар, то ман Иваз нӯки қаламро бо дами шамшер мекардам.