Хандонтар аз ин лаъли ту як гул ба ҷаҳон нест
Хандонтар аз ин лаъли ту як гул ба ҷаҳон нест,
Мавзунтар аз ин қадди ту як сарви чаман нест.
Бигзор, ки ҷонам биравад дар роҳи ҷонон,
Дар сӯқи муҳаббат сухани суду зиён нест.
Он ҷо, ки ситонанд дилу ғамза фурӯшанд,
Як зарра дигар пои ҳисобе ба миён нест.