Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Қасам ба рӯи ту, к-аз ҷони ман азизтар аст

Қасам ба рӯи ту, к-аз ҷони ман азизтар аст Ки шаҳди хандаи ту бештар зи найшакар аст. Ба ҷурми меҳри туам шайх агар кунад такфир, Аҷаб мадор, ки ин хар зи ишқ бехабар аст. Касе, ки ҳусни ту ӯро ба худ наларзонад, На одамӣ бувад он бехирад, ки ҷонвар аст. Ту бо чунин тани нозук, бубин, чӣ сангдилӣ, Ки оҳи ҳамчу мане дар дили ту беасар аст.