Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Боз мурғи дил гули ошуфтагӣ бӯ кардааст

Боз мурғи дил гули ошуфтагӣ бӯ кардааст, Мардуми чашмам зи гиря кор якрӯ кардааст. Дар муҳаббат шарбати роҳат маро бар лаб чӣ суд? Ошиқ он кас шуд, ки бо заҳри бало хӯ кардааст. Зоҳиди хилватнишин то турраи зулфи ту дид, Риштаи зуннорро тасбеҳи ҳинду кардааст. Во нашуд аз нохуни саъям гиреҳ аз тори бахт, То гиреҳ аз кори ман он чини абрӯ кардааст. Гоҳ Фарҳодам ба кӯҳу гоҳ Маҷнунам ба дашт, Бехудам, Махфӣ, чунин он чашми ҷоду кардааст.