Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Ноз - оташ, ғамза - оташ, рӯи зебо оташ аст

Ноз - оташ, ғамза - оташ, рӯи зебо оташ аст, Булҳавас биншин, ки он бадхӯ саропо оташ аст. Хоҳ дар оташ бирав, парвона, хоҳӣ рав дар об, Аз саро мар ошиқонро то сурайё оташ аст. Гар самандартинат асту гар бувад моҳимизоҷ, Дар сари аҳли ҳавас аз ишқ савдо оташ аст. Мезанад бас шуъла дар дил оташи савдои ишқ, Булбулонро дар назар тасвири гулҳо оташ аст. Зад синон, Махфӣ, муҳаббат оташе дар дил маро, К-аз ҳарорат бар лаби ман оби дарё оташ аст.