Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Бутпарастонем, бо ислом моро кор нест

Бутпарастонем, бо ислом моро кор нест, Ғайри тори зулф моро риштаи зуннор нест. Беш аз ин, эй ақл, бар ман таъни расвоӣ мазан, З-он ки мастони муҳаббатро маломат ор нест. Ҳамдаме гар нест, эй дил, рӯзи меҳнат гӯ мабош, Мунисе зиндониёнро беҳтар аз девор нест. Ошноёнро чӣ пеш омад, мурувватро чӣ шуд? К-аз вафову ошноӣ дар ҷаҳон осор нест! Лаззати дарди мурувватро зи бедардон мапурс, Қадри сиҳҳатро надонад, он ки ӯ бемор нест. Субҳдам боди сабо мегуфт бо мурғи чаман: Ноларо таъсир набвад, гар дили афгор нест. Зодаи дардему аз хуни ҷигар парвардаем Коҳҳои ғам агар ояд, ҷаве озор нест. Махфиё, гар васл хоҳӣ, бо ғами ҳиҷрон бисоз, К-андарин гулзори олам як гули бехор нест.