Меравам, имшаб туро бедор хоҳам карду рафт
Меравам, имшаб туро бедор хоҳам карду рафт,
Нақди ҷонро сарфи як дидор хоҳам карду рафт.
Баски гирям дар фироқат ҳамчу абри навбаҳор,
Водии ҳиҷрон гулу гулзор хоҳам карду рафт.
Наштаре дорам ниҳон дар синаи ҳар нолае,
Бас дили аҳли ситам афгор хоҳам карду рафт.
Дин агар ин асту имон ину аҳли қибла ин,
Риштаи тасбеҳро зуннор хоҳам карду рафт.
Чанд рӯзе гар диҳад фурсат маро пайки аҷал,
Фикр бар ҳоли дили бемор хоҳам карду рафт.
Боғбон биншин дар ин гулшан ба коми дил, ки ман
Ҳамчу булбул нолаҳои зор хоҳам карду рафт.
Дарди дилро чун дар ин бозор дармон нест ёфт,
Дарди дил арзон дар ин бозор хоҳам карду рафт.
Кай бурун ояд ба афсун аз сари савдои ишқ,
Сар чу Маҷнун дар сари ин кор хоҳам карду рафт.
То кунам ҳоли дилам равшан зи чашми ашкрез,
Вақти рафтан гиряи бисёр хоҳам карду рафт.
Чун ба осонӣ намегардад муяссар коми дил,
Махфиё, бас тарки ин душвор хоҳам карду рафт.