Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Бас ишқи бутон хоки ҷунун бар сари мо рех

Бас ишқи бутон хоки ҷунун бар сари мо рехт, Дил қатраи хун гашту зи ҷисму тани мо рехт. Лабташна басе бодия гаштем, валекин Бар оташи дил оби ду чашми тари мо рехт. Бар турбати мо равшании шамъ маҳол аст, Парвона зи бас бар сари хокистари мо рехт. Сад ғӯта ба дарё чу занам, пок нагардад Бас гарди нахусат ба сари ахтари мо рехт. Маҷрӯҳ шуд, эй бахт, маро паҳлуи уммед, То чанд тавон хор бар ин бистари мо рехт. Мо булбули ишқем, ки дар олами парвоз, Бигрифта ҳавои ҳама болу пари мо рехт. Соқӣ, зи ту ҳангома, ки Махфӣ зи ту мино Хунобаи дилро ҳама дар соғари мо рехт.