Розест маро, ки гуфтанӣ нест
Розест маро, ки гуфтанӣ нест,
В-ин роз зи кас нуҳуфтанӣ нест.
З-он пунбаи ғафлатам ба гӯш аст,
К-он рози ниҳон шунуфтанӣ нест.
Пажмурда чу гашт ғунчаи дил,
Аз обу ҳаво шукуфтанӣ нест.
Қасдам чӣ кунӣ? Чӣ хуни ноҳақ
Пинҳон шуданӣ, нуҳуфтанӣ нест.
Махфӣ, чу ҷарас ба нола хӯ кун,
Ин дарди дил аст, рафтанӣ нест.