Дастпарварди ҷунунам, сари пайкорам нест
Дастпарварди ҷунунам, сари пайкорам нест,
Заҳрошоми фироқам ба ватан корам нест.
Шарбати васл куҷоӣ, ки аз ин беш маро,
Тоқати ташналабӣ бо дили беморам нест.
Дар таҳи санги маломат шудам аз ишқ ҳанӯз,
Нест санге, ки дар ин роҳ талабгорам нест.
Нахли андешааму бори тафаккур дорам,
Меваи тозатар аз бори гаронборам нест .
Дар дилам гашта гиреҳ рози ту, Махфӣ, чӣ кунам?
Ки забон дар даҳонам, маҳрами асрорам нест.