Манам, ки партави хуршед дуди оҳи ман аст
Манам, ки партави хуршед дуди оҳи ман аст,
Чароғи шоми абад оҳи субҳгоҳи ман аст.
Зи дарди дил ба кӣ гӯям, шикояти кӣ кунам?
Ки душмани дилу ҷонам ҳамин нигоҳи ман аст.
Ба ҷуз забунии толеъ маро гуноҳе нест,
Дар ин муомила як ҷав худо гувоҳи ман аст.
Шаҳи вилояти ишқем, Махфиё, ба сарам
Ба ҷои тоҷ ҳамин шона сояи кулоҳи ман аст.