Ку даме, к-аз дил маро оҳи парешон барнахост
Ку даме, к-аз дил маро оҳи парешон барнахост,
Аз ду чашми хунфишонам мавҷи тӯфон барнахост.
Гиряам дасти талаб аз доманам кӯтаҳ накард,
Мавҷаи тӯфони ашкам то зи домон барнахост.
То инони ихтиёрам бурда чашми ашкрез,
Аз барам ҳаргиз касе бе чашми гирён барнахост.
То нашуд аз нотавонӣ нолаам дар дил гиреҳ,
Дар даруни сина аз мурғи дил афғон барнахост.
Шуд басе саргаштаи водии бепоёни ишқ,
Раҳнаварде ҳамчу Маҷнун з-ин биёбон барнахост.
Ҳар кӣ чун Махфӣ ба душворӣ ба коми дил нишаст,
Бо ғами ҷонон зи ҷои хеш осон барнахост.