З-андоза бурун дар дил андӯҳу ғаме дорам
З-андоза бурун дар дил андӯҳу ғаме дорам,
Дар сина ба ҳар узве пинҳон аламе дорам.
Бас хуни ҷигар ояд аз гиря ба чашмонам,
Аз ҳар мижаам ҷорӣ ҷӯе зи ғаме дорам.
То чанд тавонад дӯхт ҷарроҳ ниҳон захмам?
Бар ҳар сари мӯ аз ғам захми аламе дорам.
Дар қайди каманди ишқ афтодаму озодам,
Дар сояи сарвеам гар пушти хаме дорам.
Имрӯз агар кардӣ бар мо ситаме бигзашт,
Андешаи фардо кун ман ҳам ҳакаме дорам.
Ҷон додаму мурғи дил дар пои ту афкандам,
Бар суфраи ихлосаст гар бешу каме дорам.
Аз дуди кавокиб дил аз аввали шаб то субҳ
Афрошта бар гардун Махфӣ аламе дорам.