Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Парвонасифат з-оташи дил болу парам сӯхт

Парвонасифат з-оташи дил болу парам сӯхт, Чун шамъи шаби ҳаҷр зи по то ба сарам сӯхт. Дар базми висолат дилам аз соғари ҳайрат Нӯшид шаробе, ки зи гармӣ ҷигарам сӯхт. Бас оташи савдои ту сар зад ба димоғам, Дар оби равон мардумаки чашми тарам сӯхт. Булбул раҳи худ гир, ки дар гулшани уммед, Хушбӯй гули тоза зи оҳи саҳарам сӯхт. Махфӣ, зи шарар буда магар бодаат имшаб, К-аз шуълаи он мушти хаси хушку тарам сӯхт.