Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

То зулфи ту печу тоб бишкаст

То зулфи ту печу тоб бишкаст, Ранг аз рухи офтоб бишкаст. Ҳуснат намаке ба захми дил рехт, Паймонаи хӯрду хоб бишкаст. Бадмасти ман аз тунукмаобӣ, Сад шиша пур аз шароб бишкаст. Пои талабат ба дил фурӯ монд, Бас обилаи пуроб бишкаст. Дар мавҷи хаёл киштии умр Дармонду дили ҳубоб бишкаст. Махфӣ ба ҳавои боғ то кай Бозори гулу гулоб бишкаст?