Рӯ ба водӣ чун ниҳодам, ишқи покам беҳтар аст
Рӯ ба водӣ чун ниҳодам, ишқи покам беҳтар аст,
Нолаҳои зору оҳи дарднокам беҳтар аст.
Дил, ки дар роҳи муҳаббат пешаи Маҷнун гирифт,
Дида пурашки надомат, синачокам беҳтар аст.
Ғам қавӣ, меҳнат фузуну дил бағоят нотавон,
Эй аҷал, з-ин зиндагонӣ бас, ҳалокам беҳтар аст.
Ман, ки бемори шаробам, бар лабам шарбат чӣ суд?
Ҷои шарбат бар лаби ман оби токам беҳтар аст.
Гаштаам чун аз умеди хеш, Махфӣ мунфаил,
Бо ҳазорон ҳасрат андар зери хокам беҳтар аст.