То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст
То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст,
Мурғони чаманро ба раҳи гул назаре ҳаст.
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом, ки ояд зи паи он саҳаре ҳаст.
Бинишин нафасе булбули шӯрида, ки имрӯз
Бо нолаи зори дили ман ҳам асаре ҳаст.
Гаҳ шарбати васлат ба лаби ташна надоданд,
Бемори ғами ишқи туро чашми таре ҳаст.
Чашмам ба раҳи қофилаи бӯи висолат,
Дар кӯи ту аз боди сабо то хабаре ҳаст.
Бедод макун ин ҳамаро бар дили Махфӣ,