Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Манам, ки меҳнату ғамро зи ман ҷудоӣ нест

Манам, ки меҳнату ғамро зи ман ҷудоӣ нест, Ба базми офиятат ҳеҷ ошноӣ нест. Сабо ба булбули шӯрида гӯ, ки дар раҳи ишқ, Маҷоли дам задану ҷои худнамоӣ нест. Ба маҷлисе, ки набошад шуои рухсорат, Гар офтоб бувад шамъ рӯшноӣ нест. Ману наҷот зи доми саломатат ҳайҳот, Ки дар тариқи муҳаббат гиреҳкушоӣ нест. Марав ба савмаа, Махфӣ, бирав ба майкадае, Ки назди аҳли ҳақиқат чу бенавоӣ нест.