Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Бе гули рӯи ту як дам зинда будан мушкил аст

Бе гули рӯи ту як дам зинда будан мушкил аст, Пешат эй шӯхи ситамгар, лаб кушудан мушкил аст. Саҳл бошад ашкрезӣ ҳамчу абри навбаҳор, Ханда бар лаб, дидаи хунбор будан мушкил аст. Нест мумкин ҳамнишини дилбарони пуритоб, Пеши теғи ҳаҷри ӯ ҷавлон намудан мушкил аст. Бе висоли дӯст душвор аст бар ман зиндагӣ, Наштари алмосро бо дида судан мушкил аст. Дар тариқи ишқ рӯ кардан ба водӣ кор нест, Рӯ ба рӯи ғамзаи дилдор будан мушкил аст. Як назар дида туро Махфӣ бишуд девонае, Пеши чашми масти ту ҳушёр будан мушкил аст.