Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Эй, ки дар аҳди ҷамолат ишқ бебунёд нест

Эй, ки дар аҳди ҷамолат ишқ бебунёд нест, Дар ҷаҳон як дил зи қайди зулфи ту озод нест. Ҳеҷ кас аз дасти ҷабрат дар ҷаҳон доде нахост, Оре-оре, дар тариқи хубрӯён дод нест. Нозанинонро дило, шоҳу гадо яксон бувад, Бо муҳаббат имтиёзи Хисраву Фарҳод нест. Лаб зи гуфтугӯ буданд, эй дил, ба кору бори ишқ Булбулонро ҳосиле ҷуз нолаю фарёд нест. Мурд Махфӣ аз ғами ҳаҷрат накардӣ ёди мо, Ёд бод инак, Масеҳ аз дӯстонат ёд нест.