Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Меҳнати дарди ҷудоӣ, ки зи ҳад афзун аст

Меҳнати дарди ҷудоӣ, ки зи ҳад афзун аст, Дида лабрези сиришк асту ҷигар пурхун аст. Хуш фиребанда нигоҳест, ки дар кишвари ишқ Ҳар киро менигарам Кӯҳкану Маҷнун аст. Нагсалад бод туро силсилаи ишқу ниёз, Оташи ишқи ману ҳусни ту рӯзафзун аст. Рехт хуноби ҷигар аз ғами ҳиҷрон, Махфӣ Дар биёбони муҳаббат, ки сарои хун аст.